Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна», пойгоҳи хабарӣ «Аксиос» иқрор кард, ки оқибатҳои ҷангангезии Амрико бар зидди Эрон ба бахши кишоварзӣ ва дигар бахшҳои ҳаётии ин кишвар таъсир гузоштааст.
Дар асоси ин гузориш, кишоварзони амрикоӣ дар натиҷаи таҷовуз ба Эрон 2 зарба дидаанд, зеро илова бар афзоиши шадиди нархи сӯзишворӣ бо фаро расидани мавсими дарави соя, пештар низ нархи нуриҳо ба сабаби шиддатҳо дар минтақа афзоиш ёфта буд.
Дар ин гузориш ба нақл аз раиси яке аз анҷуманҳои миллии кишоварзон дар иёлати Огайо омадааст, ки афзоиши нархи сӯзишворӣ боиси боло рафтани 25 ҳазор долларии нархҳо дар тӯли соли ҷорӣ дар муқоиса бо нархҳои январи гузашта шудааст.
Ҷон Нютон, муовини раиси умури иқтисодии Иттиҳодияи кишоварзони Амрико низ гуфт, ки ин кишоварзон дар муқобили фишорҳои шадид қарор доранд. Дрю Кентзӣ, коршиноси умури кишоварзии Донишгоҳи Миссурӣ низ бо ишора ба афзоиши нархи сӯзишворӣ гуфт, ки аксари кишоварзон дорои иқтидор ва фазои захиракунии зарурӣ барои пӯшонидани тағйироти нарх тавассути шартномаҳои оянда нестанд.
Your Comment